ТАШКИЛИ ЯРМАРКАҲОИ ДОИМОАМАЛКУНАНДА

Август 9, 2010 10:54

Душанбе, 9 август. АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии пойтахт дар моҳи шарифи Рамазон дар ҷаласаи шаҳрдорӣ ба КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» ва маъмурияти Корхонаи фаръии бозори «Саховат» иҷозат дода шуд,  ки таваққуфгоҳи нақлиётии назди ин бозорро барои гузаронидани ярмаркаҳои доимоамалкунандаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ройгон истифода баранд. Инчунин, ҳамарӯза  дар доираи ҳамкорӣ бо тамоми сохторҳои молистеҳсолкунандаю маҳсулоттайёркунанда дар даромадгоҳҳои корхонаҳои фаръии бозорҳои зертобеаш ва «Гӯшаҳои деҳқонон» ярмарка – фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалу агросаноатиро ташкил ва таъмин намоянд. Супориш дода шуд, ки дар давоми моҳи Шарифи Рамазон аз ҷониби сохторҳои дахлдори назоратии давлатӣ гузаронидани ҳамагуна тафтишу санҷишҳо дар бозорҳои шаҳр  мавқуф гузошта шавад ва минбаъд низ фаъолияти назоратию санҷишиашонро танҳо дар доираи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ амалӣ намоянд. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Раёсати андози шаҳри Душанбе, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе  муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати ташкили назорати самараноки санитарию эпидемиологӣ ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон дар давоми моҳи шарифи Рамазон чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамзамон, ба КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» дастур дода шуд, ки дар бозорҳои зертобеи худ нуқтаҳои гӯштфурӯшии иловагиро ташкил намоянд.

Август 9, 2010 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!