ТАШКИЛИ ЯРМАРКАИ МАКТАББАЧАГОН

Август 17, 2010 14:14

Файзобод,17 август.(АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова) — Ба саршавии соли хониши нав  рӯзҳои башумор мондааст.Саҳни Универмаги марказии ноҳияи Файзобод аз ҳарвақта дида ,серодамтар  гаштааст.Раиси Ҷамъияти матлуботи ноҳия Давлатбег Искандаров дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт,ки имсол ярмаркаи мактаббачагон дар ҳамин марказ  ташкил карда мешавад.Дар ярмаркаи мазкур беш аз 15 нафар соҳибкорон танҳо либосҳои мактабӣ ва ашёю анҷоми хонишро пешкаши харидорон менамоянд. Давлатбег Искандаров афзуд,ки ин ярмарка бо  ташаббус ва  дастгирии соҳибкори ботаҷриба Шарифалӣ Шарифов ташкил карда шудааст. Ӯ солҳои зиёдест,ки  дар маркази ноҳия мағозаи китоб ташкил намудааст. Мағозаи дигари  худро Ш. Шарифов бо либосҳои мактабӣ муҷаҳҳаз гардонида, бо нархҳои дастрас пешкаши хонандагони мактабҳо менамояд.

Август 17, 2010 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд