ТАШКИЛИ ЯРМАРКАИ МАКТАББАЧАГОН
Файзобод,17 август.(АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова) — Ба саршавии соли хониши нав рӯзҳои башумор мондааст.Саҳни Универмаги марказии ноҳияи Файзобод аз ҳарвақта дида ,серодамтар гаштааст.Раиси Ҷамъияти матлуботи ноҳия Давлатбег Искандаров дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт,ки имсол ярмаркаи мактаббачагон дар ҳамин марказ ташкил карда мешавад.Дар ярмаркаи мазкур беш аз 15 нафар соҳибкорон танҳо либосҳои мактабӣ ва ашёю анҷоми хонишро пешкаши харидорон менамоянд. Давлатбег Искандаров афзуд,ки ин ярмарка бо ташаббус ва дастгирии соҳибкори ботаҷриба Шарифалӣ Шарифов ташкил карда шудааст. Ӯ солҳои зиёдест,ки дар маркази ноҳия мағозаи китоб ташкил намудааст. Мағозаи дигари худро Ш. Шарифов бо либосҳои мактабӣ муҷаҳҳаз гардонида, бо нархҳои дастрас пешкаши хонандагони мактабҳо менамояд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






