ТОҶИКОНИ СОКИНИ РУСИЯ БА ЗАРРАРДИДАГОН КӮМАК МЕРАСОНАНД
Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- Иттифоқи тоҷикистониёни Русия ҳамаи тоҷикони дар Русия бударо даъват намуд, ки ба сокинони аз сӯхторҳо зарардидаи ин мамлакат то ҳади имкон кӯмаки башардӯстона расонанд. Раиси Иттифоқи тоҷикистониёни Русия Абдулло Давлатов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки баъди пахши муроҷиати мазкур теъдоди зиёди тоҷикон ба ситоди махсуси қабули кӯмакҳои башардӯстона муроҷиат карданд. Ба ситоди мазкур ҳамдиёри мо Каримҷон Ёров роҳбарӣ мекунад. Тоҷикони сокини Русия ба ситоди кӯмакҳои башардӯстона асосан навъҳои гуногуни либос меоранд. А. Давлатов изҳори умед намуд, ки теъдоди кӯмаки башардӯстона рӯзҳои истироҳат боз ҳам бештар хоҳад гашт. Либос ва навъҳои дигари кӯмаки башардӯстона баъдан ба минтақаҳои зарардидаи Русия фиристода хоҳад шуд, гуфт Абдулло Давлатов. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки мавсими тобистон бар асари гармии шадиди ҳаво дар бисёр минтақаҳои Русия сӯхторҳои шадид ба амал омаданд. Шабонарӯзи гузашта сӯхторҳо вилояти Ростов ва Ҷумҳурии Доғистонро фаро гирифтанд. Айни ҳол дар нимҷазираи Камчатка, Чукотка, Урал ва Сибирь миқдори зиёди сӯхторҳо ба қайд гирифта шудаанд. Аз рӯи маълумоти охирин дар натиҷаи сӯхтор бештар аз 50 нафар ҳалок шуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






