ВОХӮРӢ ОИД БА БАРНОМАИ КОРПУСИ СУЛҲ

Август 13, 2010 07:48

Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-  11 август дар вазорати кишоварзии  Ҷумҳурии Тоҷикистон   вохӯрии Вазири кишоварзӣ Қ.Қосимов  бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Душанбе   ҷаноби Кеннет Гросс , иҷрокунандаи вазифаи  Директори агентии рушди муносибатҳои байналмиллалӣ (USAID) ҷаноби Кевин Дин, намояндаи сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсӣ ҷаноби  Ҷарлз Мартин доир  гардид.  Мақсади  вохӯрии  мазкур  муҳокимаи барномаи Корпуси сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои ҷории Ҳукумати ИМА барои имдоди ислоҳот дар соҳаи кишоварзии кишвар буд. Қайд карда шуд, ки Корпуси сулҳ ҳамчун агентии ғайридавлатӣ аз  соли 1961 бо ташаббуси  президент Ҷ.Кеннеди таъсис ёфтааст. Мақсади асосии он расонидани кӯмак ба давлатҳое, ки бокадрҳо ниёзманданд, беҳтар донистани  Амрико ва амрикоиҳо, васеъ намудани донишҳои фарҳангии халқҳои дигари амрикоӣ  мебошад. Барномаи Корпуси сулҳ  дар 139 давлати ҷаҳон амалӣ гардида истодааст.  Бо дастгирии созмонҳои байналмиллалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  лоиҳаи «Ислоҳоти замин барои солҳои 2010-2013», барномаи «Дастгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об барои солҳои 2004-2011  лоиҳаи  рушди самараноки кишоварзӣ барои солҳои 2009-2014, ва барномаи  «Фермер ба  фермер барои солҳои 2004-2013»  дар соҳаи кишоварзӣ самаранок  фаъолият намуда истодаанд. Вазири кишоварзӣ  фаъолияти лоиҳа ва барномаҳоро мусбат арзёбӣ карда,  қайд намуд, ки  вазорати кишоварзӣ  дар оянда низ оид ба  рушди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ   дар доираи барномаи Корпуси сулҳ   ҳамкориҳоро боз ҳам ривоҷ медиҳад.                                              

Август 13, 2010 07:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд