ВОХӮРӢ ОИД БА БАРНОМАИ КОРПУСИ СУЛҲ
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 11 август дар вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири кишоварзӣ Қ.Қосимов бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Душанбе ҷаноби Кеннет Гросс , иҷрокунандаи вазифаи Директори агентии рушди муносибатҳои байналмиллалӣ (USAID) ҷаноби Кевин Дин, намояндаи сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсӣ ҷаноби Ҷарлз Мартин доир гардид. Мақсади вохӯрии мазкур муҳокимаи барномаи Корпуси сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои ҷории Ҳукумати ИМА барои имдоди ислоҳот дар соҳаи кишоварзии кишвар буд. Қайд карда шуд, ки Корпуси сулҳ ҳамчун агентии ғайридавлатӣ аз соли 1961 бо ташаббуси президент Ҷ.Кеннеди таъсис ёфтааст. Мақсади асосии он расонидани кӯмак ба давлатҳое, ки бокадрҳо ниёзманданд, беҳтар донистани Амрико ва амрикоиҳо, васеъ намудани донишҳои фарҳангии халқҳои дигари амрикоӣ мебошад. Барномаи Корпуси сулҳ дар 139 давлати ҷаҳон амалӣ гардида истодааст. Бо дастгирии созмонҳои байналмиллалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Ислоҳоти замин барои солҳои 2010-2013», барномаи «Дастгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об барои солҳои 2004-2011 лоиҳаи рушди самараноки кишоварзӣ барои солҳои 2009-2014, ва барномаи «Фермер ба фермер барои солҳои 2004-2013» дар соҳаи кишоварзӣ самаранок фаъолият намуда истодаанд. Вазири кишоварзӣ фаъолияти лоиҳа ва барномаҳоро мусбат арзёбӣ карда, қайд намуд, ки вазорати кишоварзӣ дар оянда низ оид ба рушди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дар доираи барномаи Корпуси сулҳ ҳамкориҳоро боз ҳам ривоҷ медиҳад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






