ВУСЪАТИ КОРҲОИ CОЗАНДАГӢ ДАР ҶИРГАТОЛ

Август 17, 2010 11:49

Ҷиргатол,17 август. ( АМИТ «Ховар»,М. Ризвонов).- Дар маркази ноҳияи Ҷиргатол сохтмони бинои    нави  дуошёнаи 12 ҳуҷрадори  замонавӣ ба маблағи 7,5 млн.сомонӣ аз ҳисоби буҷаи  маҳаллӣ ҷараён дорад.Бунёди   бинои   истиқоматиро  бригадаи сохтмонии  Зиёвиддин Каширов  ба ӯҳда дошта,  то ин дам  ба  маблағи   зиёда аз 126 ҳазор  сомонӣ  корҳои    сохтмонӣ иҷро  шудаанд,-гуфт  зимни сӯҳбат мудири  шӯъбаи сохтмони  асосии назди мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия  Амир Сайназаров. Ҳоло сохтмони  хонаи истиқоматӣ идома дошта, мувофиқи нақша  то охири сол  ба маблағи 340 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом  расонида мешаванд. Ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти «Қашот»-и ноҳияи Ҷиргатол сохтмони маркази  саломатии ҳозиразамон  бо маблағи 280 ҳазор сомонӣ  аз ҳисоби буҷаи  маҳаллии ноҳия  давом дорад. Сохтмони ин бинои навро  иттиҳодияи сохтмонии «Мерос», сарвараш Обиддинов ба ӯҳда дорад. Сохтмончиён тасмим гирифтаанд, ки  бинои  мазкурро   то ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо тамоми  таҷҳизоти  зарурӣ  сохта  ба истифода диҳанд. То ин дам   ба   маблағи  200 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонии  бинои ҷашнӣ  ба сомон расидаанд.    

Август 17, 2010 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад