ЯРМАРКАИ КАСБӢ-ОМӮЗИШӢ

Август 30, 2010 15:16

Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар доираи  «Ҳафтаи таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ярмаркаи омӯзишӣ-касбӣ баргузор гардид. Ин ярмарка ба 19-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он маҳсулоти муассисаҳои касбомӯзии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва корхонаю муассисаҳои кордиҳанда ба маъраз гузошта шуд. Ҳадафи асосии баргузории ярмарка ҷалб намудани шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатӣ барои азхудкунии касбу ихтисосҳои гуногуни замонавӣ, бозомӯзии такмили ихтисос ва баланд бардоштани малакаҳои касбии аҳолӣ мебошад. Дар ярмарка намоиши маҳсули дастони касбомӯзони муассисаҳои таълимӣ, шароити касбомӯзӣ ва номгӯи касбу ихтисосҳои омӯхташавандаи муассисаҳои касбомӯзии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират пешниҳод гардид. Хоҳишмандон дар ярмарка фаъолона иштирок намуда, бо ҷойи кор ва касби дилхоҳашон  таъмин гардидаанд.

Август 30, 2010 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад