ЗАРАРИ ОБХЕЗӢ

Август 9, 2010 16:19

 Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова).- Аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дирӯз дар натиҷаи баланд гардидани сатҳи оби дарёҳо    ба хоҷагии халқи  баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ зарари зиёди иқтисодӣ расид. Дар ноҳияи  Ванҷ бар асари баланд гардидани сатҳи оби дарё  кӯпруки байни деҳаи Пишхарви ҷамоати Водхуд пурра вайрон шуд. Дар маркази ноҳия сатҳи оби дарёча баланд шуда,  стансияи байториро зер кард. Инчунин дар ноҳияи Рӯшон бар асари баланд гардидани сатҳи оби дарёҳои  Панҷ ва Бартанг дар мавзеи якҷояшавии ин дарёҳо 200 метри сарбанд вайрон гардид. Айни ҳол барои барқарор сохтани сарбанди об 2 булдозери Т 130, 2 мошини боркаши МАЗ ва гурӯҳи калони коргарон сафарбар карда шудаанд. Дар деҳаи Бағуни ҷамоати Рӯшони ноҳияи Рӯшон бар асари баланд шудани оби дарёи Дарғоб хонаҳои истиқоматӣ зарар диданд, аз ҷумла 1 хонаи  истиқоматӣ пурра ва 2 хонаи истиқоматӣ қисман хароб гардиданд.  Дар қишлоқи Деҳи ноҳияи Рӯшон  масоҳати калони роҳ дар зери об монд. Аз ин ҷо танҳо мошинаҳои калонҳаҷм гузашта метавонанду халос. Дар натиҷаи канда шудани сими баландшиддати барқ интиқоли қувваи барқ ба ноҳия муваққатан қатъ гардид. Обхезӣ  дар ноҳияҳои дигари ВМКБ низ сабаби хароб гардидани биноҳо ва иншоот гардид. Сабаби асосии ба вуҷуд омадани обхезӣ ва сел боридани боронҳои шадид дар давоми рӯзҳои охир мебошад. Ташкилотҳои дахлдор барои бартараф сохтани зарари бориш тамоми тадбирҳоро меандешанд.

Август 9, 2010 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!