ҲИФЗИ ҶАНГАЛ – ВАЗИФАИ ПУРМАСЪУЛИЯТ
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар қатори ҷангалпарварони ҷумҳурӣ, кормандони соҳаи ҷангали вилояти Суғд низ 79 — солагии ташкилёбии хоҷагии ҷангалро таҷлил намуданд. Ҷангалпарварони вилоят «Барномаи рушди хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 – 2015» ва дигар барномаҳои ҷумҳуриявию вилоятиро сармашқи кори худ қарор дода, соли ҷорӣ корҳои зиёдро анҷом доданд. Аз ҷумла, дар майдони 269 гектар ҷангалзори нав бунёд намуда, 1753 гектар майдонро нигоҳубин карданд. Инчунин, 1360 килограмм тухмии дарахтони ҷангал ҷамъоварӣ ва кишти онҳо ба роҳ монда шуд. Ба миқдори 101 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳандаро бахшида ба 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванд намуданд. Соли ҷорӣ дар маъракаи кабудизоркунӣ 21,64 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва 40,75 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан ва 94,0 ҳазор дона қаламчаи сафедор шинонида шудааст. Мавриди зикр аст, ки ба зиммаи ҷангалпарварон муҳофизати арчазор, тӯғайзор ва олами ҳайвоноту паррандагон низ гузошта шудааст. Дар миқёси вилояти Суғд 5 парваришгоҳ, аз ҷумла парваришгоҳҳои «Искандаркӯл» ва «Сой–Вота»-и ноҳияи Айнӣ, «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент, «Оқтош»–и ноҳияи Ашт мавҷуд мебошанд. Ҳамзамон, парвариши ниҳоли арчаи зарафшонӣ ба роҳ монда шудааст, ки тибқи барномаи давлатӣ ҳар сол то 100 ҳазор бех кӯчати он парвариш карда мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






