ҶОИЗАҲОИ ВИЛОЯТӢ БА КӢ СУПОРИДА МЕШАВАНД?

Сентябрь 1, 2010 10:19

Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Cоҳибони ҷоизаҳои вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар соли 2010 муайян шуданд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.  Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ дар соҳаи адабиёт ба нависанда – Махкам Пӯлод ва ба шоира – Адиба Мирзоева, дар соҳаи санъати мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ ба Шаҳло Ҷалилова ва Саодат Саломова дода мешаванд. Ҳамчунин, ҷоизаҳои ба номи Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ба доктори илми суханшиносӣ, профессор Неъматҷон Файзуллоев ва дар соҳаи илмҳои дақиқ ба доктори илми таърих, профессор Хуршед Абдуллозода дода мешаванд. Маврид ба ёдоварист, ки бо пешниҳоди Кумитаи ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров шахсони номбаршуда бо қарори раиси вилояти Суғд тасдиқ гардиданд.

Сентябрь 1, 2010 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!