ҶОИЗА БА ЁДГОРИИ АСРИ БИРИНҶ
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Аз 4 то 10-уми сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон семинари минтақавӣ оид ба Ҷоизаи байналмилалии ёдгориҳои тасвири рӯисангӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар он 4 ёдгории таърихии Тоҷикистонро ду нафар мутахассис муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, мутахассиси пешбари шӯъбаи ҳифз ва мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг Шералӣ Хоҷаев дар ин семинар ёдгориҳои Оқҷилгаи Мурғоб, Лангари Ишкошим, Шахтаи Мурғоб ва Сойи Сабоғи Мастчоҳи кӯҳӣро тариқи аксҳо ба иштирокчиён пешкаш намуд, ки дар натиҷа ин ёдгориҳо дар рӯйхати пешакии ҷоизаи мазкур номнавис шуданд. Бояд гуфт, дар кори семинар 12 давлати минтақа ва ду давлати даъватшуда иштирок доштанд, ки ҳамагӣ олимону мутахассисони таърихшинос буданд ва ҳар як ёдгории пешниҳодшуда пурра мавриди муҳокима қарор дода мешуд. Ҳамчунин, аз байни 4 ёдгории номнависшуда Сойи Сабоғ чун ёдгории беҳтарин аллакай ба хатсайри сайёҳӣ пешниҳод гардид. Лозим ба ёдоварист, ки ин ёдгорӣ аз даврони асри биринҷӣ боқӣ монда, дар сангҳои он зиёда аз ҳазор расмҳои асотирии рӯисангӣ мавҷуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






