АМОНАТҲОИ «АМОНАТБОНК» НОМ ИВАЗ МЕКУНАНД
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). –Роҳандозии шакл ва услуби наву муосири хизматрасонӣ, мутобиқгардонии фаъолият вобаста ба талаботи мизоҷон, дарёфти роҳҳои самарабахши бонкдорӣ, яке аз принсипҳои афзалиятноки фаъолияти Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» мебошанд. Дар ин замина Раёсати Бонк бо мақсади ҷалби бештари муштариён ва иҷрои пешниҳоду муроҷиатҳои ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии ҷумҳурӣ, амонати наверо дар ҷадвали амонатҳои амалкунанда ворид намуд. Амонати мазкур аз ҷумлаи амонатҳои мӯҳлатнок буда, «Рамзӣ» ном дорад. Амонати мӯҳлатноки «Рамзӣ» аз 1 сентябри соли равон дар ҳамаи муассисаҳои «Амонатбонк» ҷорӣ шуда, тибқи муқаррароти қабулшуда амонати мӯҳлатноки «Рамзӣ» бо арзи миллӣ ва хориҷӣ, ба мӯҳлати аз 3 моҳ то 3 сол, аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ қабул шуда, меъёри фоизҳо барои ин намуди амонат аз 6% то 22% муайян гардидааст. Маблағи камтарин барои ҷойгир намудани амонати номбурда, бо арзи миллӣ 100 сомонӣ, бо асъори хориҷӣ на камтар аз 100 доллари ИМА, 100 евро ва ё 1000 рубли русӣ муқаррар гардидааст. Маврид ба зикр аст, ки қаблан ба шарту шароити амонати мазкур монанд, амонати дигаре бо номи «Амонати мӯҳлатнок ба пешниҳодкунанда» низ амал мекард, ки бо ҷорӣ намудани амонати мазкур, хизматрасонии амонати номбурда бо сабаби қонеъ накардани талаботҳои мизоҷон, боздошта шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






