БАРГУЗИДАИ АШЪОРИ МИР АВЛИЁҲУСАЙН МАҒМУМИ ДАРВОЗӢ АЗ ЧОП БАРОМАД
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Ба наздикӣ нашриёти «Дониш» маҷмӯаеро бо номи «Мир Авлиёҳусайни Дарвозӣ» зери таҳия, танзим ва баргардонии адиб ва рӯзноманигори шинохта Ҳокими Азиз аз чоп баровард. Ба маҷмӯа Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат пешгуфтор навиштааст. Мақолаи доктори илми филология, профессор Худоӣ Шарипов бо номи «Яке аз шоирони фирорӣ» ва нигоштаи доктори илмҳои таърих Қосимшоҳ Искандаров ва мушовири шӯъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз Сайидалишоҳ Қаландаров таҳти унвони «Нигоҳе ба рӯзгор ва осори шоир» ҷой дода шудааст. Баргузидаи ашъори Мир Авлиёҳусайн Мағмуми Дарвозӣ аз муноҷот, 49 ғазал, 14 мухаммас, 1 маснавӣ, 7 рубоӣ, се марсия иборат буда, зери назари узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Кароматулло Олимов ва доктори илмҳои таърих Қосимшоҳ Искандаров нашр гардидааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






