БАРРАСИИ МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади таҳким ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз 27 то 30-юми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе мулоқоту дидорҳои намояндагони корхонаву ширкатҳои Қазоқистон сурат мегирад. Дар ин замина, 28 сентябр мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Умед Давлатзод бо мушовири Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон А.И.Айдашев ва директори департамент оид ба пешбурди содироти ҷамъияти саҳҳомии «Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузорӣ KAZNEX» Д.О.Грузо баргузор гардид. Аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни мулоқот доир ба масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвар, тавсеаи робитаҳои бевосита миёни корхонаву ширкатҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармоягузориҳо ҷиҳати фаъол намудани минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт. Ҳамзамон қайд гардид, ки барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ имконияту захираҳои истифоданашуда хеле зиёданд, ки ба таври васеъ истифода бурдани онҳо ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






