БОЗ ДУ ТАН ХИЗМАТЧИИ ҲАРБӢ АЗ ОЛАМ ДАРГУЗАШТ
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тибқи изҳороти Вазорати мудофиаи ҶТ, боз ду тан хизматчии ҳарбӣ, ки рӯзи 19 сентябри соли равон зимни ҳуҷуми ногаҳонии гурӯҳи террористии дар водии Рашт ҷароҳати вазнин бардошта буданд, шаби гузашта аз олам даргузаштанд. Ҳамзамон, Вазорати мудофиаи ҶТ хабарҳои дар ВАО паҳншударо, ки гӯё зимни ба вуқӯъ пайвастани ин амали террористӣ 40 нафар ба ҳалокат расида бошанд ва беш аз 25 нафар бе ному нишон гардидаанд, қатъиян рад намуда, тамоми рӯзноманигорони ВАО-и дохилӣ ва хориҷии мамлакатро бар он даъват менамояд, ки аз навиштани ҳар гуна овозаҳои бардурӯғу иғвоангез худдорӣ намоянд. Дар ҳамкории наздик бо хадамотҳои матбуотии мақомоти дахлдори кишвар воқеиятро дар воситаҳои хабарӣ ба табъ расонанд. Инчунин дар изҳорот гуфта шудааст, ки вобаста ба паҳн гардидани хабар дар хусуси он ки гӯё собиқ қумондони мухолифи тоҷик Мирзохӯҷа Аҳмадов ва чанд тан аз ҷонибдорони ӯ яроқу аслиҳаи оташфишони худро ба мақомоти дахлдор супурда бошанд, Вазорати мудофиа ин нигоштаро низ қатъиян рад намуда, изҳор медорад, ки М. Аҳмадов ва тарафдорони ӯ то ҳол аслиҳаи ҷангии худро ба ягон мақомоти давлатӣ ва ё қудратӣ насупоридаанд. Айни замон, аз ҷониби гурӯҳҳои фаврӣ ва ҷузъу томҳои ҳама мақомоти қудратии кишвар, амалиёти дастгиркунӣ ва ҷустуҷӯи гурӯҳҳои террористӣ дар ҳудуди водии Рашт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ идома дошта, баҳри дастгиру ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо тамоми чораҳои фавриву мушаххас амалӣ гашта истодаанд. Дар робита бо ин ҳодиса ҳайати шахсии Вазорати мудофиаи ҶТ бисёр андӯҳгин буда, ба аҳли оилаи тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар ин амали террористӣ фарзандонашон ба ҳалокат расидаву ҷароҳати вазнин бардоштаанд, ҳамдардии хешро баён мекунанд ва ба онҳо изҳори тасаллият менамоянд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






