БОЗОМӮЗИИ МУТАХАССИСОНИ ТОҶИК АЗ ТАТБИҚИ ТИК

Сентябрь 28, 2010 12:22

Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 27 сентябр ҳайати 12-нафараи мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Тоҷикистон аз сафари Ҷумҳурии Қазоқистон баргашт. Ин ҳайат дар шаҳри Алмаато бо таҷрибаи татбиқи Барномаи давлатии «ҳукумати электронӣ» дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии Қазоқистон, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) дар идоракунии муассисаҳои давлатӣ шинос шуд. Дар рафти машғулиятҳои назариявӣ мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Қазоқистон дар самти идоракунӣ ва хизматрасонӣ ба иштирокдорони семинар маълумоти муфассал доданд. Бозомӯзӣ бо дастгирии Шӯъбаи тоҷикистонии Институти «Ҷомеаи Кушода»-и Хазинаи Мадад доир гардид. Ёдрас мешавем, ки  як моҳ муқаддам намояндагони Тоҷикистон дар ҳамин ҳайат дар семинар-тренинг оид ба татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти идоракунии мақомоти давлатии маҳаллӣ, ки дар пойтахти Эстония – шаҳри Таллинн баргузор гардид,  ширкат карда буданд.

Сентябрь 28, 2010 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!