ДАР ТОҶИКИСТОН БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ОҒОЗ МЕЁБАД

Сентябрь 20, 2010 15:40

    Душанбе, 20 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Пагоҳ 21 сентябри соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ- барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил оғоз меёбад.  Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил қисми таркибии ҷудонашавандаи низоми омори миллии мамлакатро ташкил медиҳад  ва манбаи асосии маълумот  дар бораи аҳолӣ, тақсимоти он дар ҳудуди  Тоҷикистон, ҳайати миллӣ ва забон, сатҳи маърифатнокӣ, шароити манзилӣ ва вазъи фонди манзил мебошад.       Яке аз самтҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ аст. Зеро маълумоти барӯйхатгирӣ ҳангоми банақшагирии бозори меҳнат, тартиб додани  буҷет, сиёсати нақлиёт, ҳисоби нерӯи барқ ва рушди бемайлони дигар соҳаҳои иқтисоди кишвар аҳамияти калон дорад.      Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ сол як маротиба гузаронида мешавад.

Сентябрь 20, 2010 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст