ДАР ТОҶИКИСТОН РӮЗИ ЗАБОНРО ҶАШН МЕГИРАНД
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 1 октябри соли 2010 дар Кохи «Ваҳдат» бахшида ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» баргузор мегардад. Дар конфронс мавзӯъҳои Истиқлол ва забони давлатӣ, Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун кафили рушди забонҳо, забон пайвандгари наслҳо, забони давлатӣ ва мушкилоти тавсияи он, омилҳои шинохти забони давлатӣ, сиёсати давлатии истифодаи забонҳо дар Тоҷикистон ва нақши ақаллиятҳои миллӣ дар он мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҳамчунин, дар атрофи вазъи забони илм дар даврони истиқлол, луғати ислоҳот, сиёсати давлатии забон ва масоили номгузорӣ бо забони миллӣ ва бедории фикрӣ мубодилаи афкор сурат хоҳад гирифт. Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур сиёсати забонии Ҷумҳурии Тоҷикистон (то Истиқлол ва баъд аз Истиқлол), амалкарди забони тоҷикӣ ва ташаккулу рушди лексикаи ороишӣ-зинатии онро муайян менамояд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






