ФОРУМИ САРМОЯГУЗОРОН ДАР ПОМИР

Сентябрь 30, 2010 10:09

Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Моҳи октябри соли равон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ «Форуми сармоягузорон ва донорҳо «Помир Инвест 2010» баргузор мегардад. Ташаббускорони форуми мазкур Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор мебошанд. Ба форум лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба сохтмони иншооти  калонҳаҷм; заводи семент, завод ва сехҳои коркарди мармар ва сангҳои ороишӣ, ҳамчунин, нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, оид ба истифодаи конҳое, ки дар қаламрави ВМКБ ва дигар манотиқи баландкӯҳ ҷойгиранд, дар бораи истифодаи самараноки обҳои гарм ва табобатии вилоят ва манотиқи баландкӯҳ, бунёди марказҳои саломатӣ, оид ба истифодаи самараноки маҳсулоти кишоварзӣ; коркарди пашм, пӯст, мева ва сабзавот, барпо намудани гармхонаҳо, рушди мурғпарварӣ, қутоспарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, боғдорӣ, моҳипарварӣ пешниҳод  мешаванд. Ҳамчунин, оид ба сохтмон ва азнавсозии иншооти соҳаи маориф ва тандурустӣ, сохтмон ва азнавсозии роҳҳои автомобилгард, дар бахши ободонии шаҳр ва деҳот, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, сохтмон ва азнавсозии хатҳои канализатсия ва обгузар лоиҳаҳо омода  мешаванд.    

Сентябрь 30, 2010 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!