ХАБАРИ МАРКАЗИ РОБИТАҲОИ ҶАМЪИЯТИИ КДАМ ҶТ
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар») — Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки органҳои амниятии кишвар дар ҳамкории бевосита ва дастгирии Вазорати корҳои дохилии ҶТ рӯзи 26-уми сентябри соли 2010 боз як ҷинояткори хатарнок — Азизов Раҳмиддин Саъдуллоевичро, ки шаби 22 ба 23-юми августи соли равон аз маҳбасхонаи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фирор карда буд, безарар гардониданд. Азизов Раҳмиддин Саъдуллоевич, соли таваллудаш 24 апрели соли 1972, зодаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, участкаи Ордҷоникидзе, ки тибқи моддаҳои 187 қисми 2, 181 қисми 3, 104 қисми 2, 328 қисми 2, 306, 195 ва 375 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум гардидааст, дар ҳудуди дараи Сигзори ноҳияи Файзобод ошкор карда шуд. Дар ҷараёни амалиёти боздошткунӣ Азизов Раҳмиддин ба кормандони амният муқобилияти сахти мусаллаҳона нишон дода, дар натиҷаи тирпарронии шадид кушта шуд. Дар ҷойи ҳодиса як пулемёти дастии Калашников бо 1 тирдон бо тирҳояш ва миқдори зиёди пули нақд мусодира гардид. Дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талафот ба қайд гирифта нашудааст. Азизов Раҳмиддин яке аз ҷинояткорони фаъоли гурӯҳи террористони фирорӣ мебошад, шаби 18-уми сентябри соли равон ба кормандони КДАМ ҶТ ҳамлаи мусаллаҳона намуда, 2 корманди онро маҷрӯҳ сохта буданд. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар ошкор ва боздошт намудани ин ҷинояткори басо хавфнок ба органҳои амниятии кишвар, ҳамчунин сокинони алоҳида, ватандӯстону меҳанпарастон, ки ба ращми баъзе душманону нотавонбинони дохилию хориҷӣ, тарафдори оромию осудагӣ ва якпорчагии марзу буми Ватан мебошанд, кӯмак ва мусоидат карданд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи ин шахрвандон арзи сипос намуда, бори дигар изҳор медорад, ки минбаъд низ дар самти ҳамкорӣ бо мақсади ҳимояи сохти давлатдорӣ ва конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти фазои орому осуда ва ваҳдату сулҳофарини кишвар аз ҳама гуна зуҳуроти ваҳшиёнаи террористӣ-экстремистӣ ва дигар ҷинояткориҳо, новобаста аз он ки онҳо таҳти кадом шиор ташкил мегарданд ё аз ҷониби кадом супоришдиҳандагону иҷрокунандагон амалӣ карда мешаванд, ба кумак ва дастгирии сокинони ҷумҳурӣ такя хоҳад кард. Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани фирориёни боқимонда аз тарафи органҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои қудратии кишвар давом дорад. Дар сурати доштани ҳама гуна маълумоте, ки ба қазияи фирори гурӯҳи террористон аз маҳбасхонаи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дахл дорад, шаҳрвандон ба телефонҳои 221-37-37; 227-37-37 хабар диҳанд. Амнияти истифодаи иттилоот, шахсият ва инчунин мукофоти калони пулӣ кафолат дода мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ иттилоъ доданд.