КИТОБ-ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ

Сентябрь 2, 2010 14:39

        Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз бахшида ба «Рӯзи китоб» дар як қатор китобхонаҳои пойтахт ва шаҳру вилоятҳои кишвар баргузории  маҳфилҳои адабӣ ва намоиши китобҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 4 сентябр дар Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ  маҳфили илмӣ-адабии «Китоб-шиносномаи миллат» ва намоиши васеи китобҳо доир мегардад. Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар бошад, аллакай аз 1 сентябр намоиши васеи китобҳо таҳти унвони «Китоб-калиди дониш» оғоз шудааст. Рӯзи 3-юми сентябр дар китобхонаи мазкур бо иштироки олимону мутахассисони Вазоратҳои маориф, фарҳанг, Иттифоқи нависандагон бо номи «Китобхонаҳои Тоҷикистон бояд чӣ гуна бошанд?» мубодилаи афкор сурат мегирад. Рӯзи 4-уми сентябр бошад, вохӯрӣ бо шоирону нависандагон ва адибон баргузор мешавад. Ҳамчунин, дар китобхонаи вилоятии ВМКБ конференсияи илмӣ-адабӣ «Китоб-ганҷинаи маърифат» доир мешавад, ки дар он аҳли илму адаби шаҳри Хорӯғ ширкат меварзанд. Дар  шаҳри Исфараи вилояти Суғд низ бо қарори раиси вилоят санаи 4-уми сентябри соли ҷорӣ ҷашни вилоятии «Рузи китоб» гузаронида мешавад. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин ҷашнвораи маърифатӣ-фарҳангӣ бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара як зумра чорабиниҳоро омода кардааст. Мисол, вохӯрии аҳли адаби вилоят бо сокинон ва нафткашони шаҳраки Нефтобод, шиносоӣ бо кору фаъолияти китобхонаҳои шаҳру деҳоти Исфара, маросими супоридани 5 000 китобҳои олими шинохта шодравон Абдураззоқ Холматов ба китобхонаи Коллеҷи технологии шаҳри Исфара сурат мегирад. Инчунин, намоишҳои театрикунонидашуда ба номи «Қадри китоб» ва «Дар меҳмонии устод Лоҳутӣ» пешкаши меҳмонон ва сокинони шаҳри Исфара гардонида мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳам бахшида ба «Рӯзи китоб» дар муассисаҳои фарҳангӣ, бахусус, дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят зери унвонҳои «Китоб дӯст ва рафиқи мо»,   «Китоб сарчашмаи дониш»,  «Китоб ганҷи бебаҳо», «Китоб дӯсти беҳтарин»  маҳфилҳои адабӣ ва сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида мешаванд.  

Сентябрь 2, 2010 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад