КУШТОР ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Рӯзи 1 сентябри соли равон шаҳрванд Раҳимов Йигиталӣ, соли таваллудаш 1960, истиқоматкунандаи вилояти Суғд, дар ҳолати мастӣ дар ҳавлии истиқоматиаш бо шаҳрванд Зиёев Шарифбек, соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи ноҳияи Ваҳдат муноқиша намуда, бо корди хоҷагӣ Ш. Зиёевро 1 маротиба ба қафаси синааш задаст. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар натиҷа Ш. Зиёев аз гирифтани ҷароҳати вазнин дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Нисбат ба ин ходиса парвандаи чиноӣ боз шудааст ва тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






