МАҲФИЛИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ДАР СОҲИЛИ СИРДАРЁ
Душанбе, 13 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тибқи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон гурӯҳи 20 нафараи ҷавонони касбу кори гуногуни эронӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Назар ба иттилои мудири бахши таҳлилию иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ Ҷалолиддин Нуров, ҳадафи сафари ҷавонони эронӣ ба Тоҷикистон шиносоӣ бо ҳаёти ҷавонони тоҷик ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои гуногун мебошад. Дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт бо ҳайати ҷавонони эронӣ Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов мулоқот карда, доир ба дурнамои таҳкими ҳамкориҳо байни ҷавонони Тоҷикистон ва Эрон табодули назар кард. 12 сентябр дар Боғи ботаникии шаҳри Душанбе маҳфили шеър барпо шуд. ки дар он ҷавонони ду кишвари ҳамзабон аз ашъори безаволи шоирони классик ва муосири тоҷику форс шеъру ғазалҳо қироат карданд. Ҳамзамон, ба ноҳияи Варзоб сафар карда, табиати зебои онро тамошо карданд. Субҳи имрӯз ҳайати ҷавонони Эрон ба шаҳри Хуҷанд сафар карда, бо ёдгориҳои таърихии вилояти Суғд ошно мегарданд. Ҳамзамон, дар шаҳри Қайроққум дар маҳфили «Шоҳномахонӣ» иштирок менамоянд. Ҷалолиддин Нуров афзуд, ки бо иштироки ҷавонони тоҷику эронӣ 14 сентябр дар маркази ҷавонони шаҳри Хуҷанд маҳфили мусиқӣ баргузор мегардад. Мавриди зикр аст, ки моҳи феврали соли равон ҳайати ҷавонони тоҷик таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Кабирҷон Ҷӯраев аз Эрон боздид намуда буданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






