МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО САРВАЗИРИ ЯПОНИЯ НАОТО КАН
Бегоҳии рўзи 22 – юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Сарвазири Япония Наото Кан мулоқот намуд. Дар вохўрӣ масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Япония баррасӣ шуд. «Муносибатҳо бо Япония, ки яке аз шарикони боэътимоди мо аст, аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад ва мо ба густариши он манфиатдорем», — изҳор дошт дар оғози сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Аз татбиқи босамари Барномаи минтақавии «Муколамаи Япония ва Осиёи Марказӣ», аз ҷумла сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингарди миёни Тоҷикистону Афғонистон ва дастгирии соҳаҳои маорифу тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Густариши бештари ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ барои татбиқи лоиҳаҳои стратегии минтақавӣ, ки ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи Афғонистон равона гаштаанд, зарур шумурда шуд, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳани миёни Тоҷикистону Афғонистон ва нерўгоҳи 125 мегаватаи обӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон. Таҳкими заминаи ҳуқуқӣ-қарордодии ҳамкории Тоҷикистону Япония зарур шумурда шуд. Ба ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Япония Наото Канро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили гуногуни сиёсати байналмилалӣ, роҳҳои таҳкими амнияту субот ва ҳалли мушкилоти глобалии сайёра гуфтугў сурат гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






