НАМОИШГОҲИ ЭРОН ВА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТҲО
Cуғд,18 сентябр.( АМИТ «Ховар», М.Амонов, С. Юсуфӣ)-Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифт, барои боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Эрон заминаи мусоид гардид. Номгӯи зиёд ва навъу намудҳои молҳои истеҳсоли ширкатхои эронӣ, ки дар намоишгоҳ пешниҳод гардиданд, барои таъмини бозори дохилӣ пешбинӣ шудаанд. Масъулини ширкатҳои эронӣ,ҳамчунин, арз намуданд, ки барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди тарафайн бо соҳибкорони тоҷик ва ширкату марказҳои савдо оид ба интиқол ва ташкили фурӯши доимии маҳсулоти ширкатҳои эронӣ заминаҳо мавҷуданд. Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон нишон дод, ки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии байни ду давлат минбаъд низ густаришу тавсеа меёбанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






