НАТИҶАИ ХУБ АЗ ИСТЕҲСОЛОТ
Хатлон, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).- Дар бозори ҷаҳонӣ боло рафтани нархи пахта имкон дод, ки деҳқонон бо дилгармӣ ба ҷамъоварии ҳосили пахта шурӯъ намоянд. ҶДММ «Навобод»-и ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Румӣ аз корхонаҳои коркарди пахта буда, бо хоҷагиҳои пахтакори ноҳия ва навоҳии гирду атроф ҳамкории самарабахш дорад. Корхона айни замон бо 200 хоҷагии хурду калони пахтакор дар бобати қабули пахта шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Ҷамъияти мазкур дорои шароити хуби қабули пахта, дастгоҳҳои пахтахушккунӣ буда, барои ҳар тонна пахтаи қабулкарда ба хоҷагиҳо аз 650 то 680 доллари маблағ пардохт менамояд. Ахли заҳмати ҶДММ «Навобод» мекӯшанд, ки натиҷаҳои истеҳсолиро боз ҳам афзун намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






