РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ САБЗАВОТ

Сентябрь 2, 2010 09:23

Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Масоҳати умумии киштзори  сабзавоти ҷумҳурӣ    19299 гектарро ташкил медиҳад. То имрўз ҳосили майдони 10990 гектар ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 3453 гектар зиёд мебошад. Сабзавоткорон ният доранд, ки дар мавсим 453818 тонна хосил гиранд.    Онҳо то имрӯз 190931 тонна сабзавот ҷамъ оварданд, ки 42 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ 173,7 сентнериро ташкил дода,  нисбат ба соли гузашта 5,8 сентнер зиёд гардидааст. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ хабар доданд, то имрӯз дар вилояти Суғд  ҳосили майдони  2021 гектар, дар вилояти Хатлон майдони 6661 гектар ва дар НТҶ 2308 гектар  ҷамъ оварда шудааст. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд  нақшаи истеҳсоли сабзавот 166957 тонна буда, то имрўз 35165 (21%) тонна иҷро шудааст. Ҳосилнокӣ  174,0  сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 4,2 сентнер зиёд гардидааст. Нақшаи истеҳсоли картошка дар вилояти Хатлон 183559 тонна буда, айни ҳол 114860 (63%) тонна иҷро шудааст. Ҳосилнокӣ 172,4 сентнериро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 50,1 сентнер зиёд шуд. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи истеҳсол 96525 тоннаро ташкил дода, айни ҳол 40906 (42%) тонна иҷро гардидааст. Ҳосилнокии ҳар гектар 177,2 сентнериро ташкил медиҳад. 

Сентябрь 2, 2010 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад