ТАЛАБОТ БА «ҲАҚИҚАТИ СУҒД» МЕАФЗОЯД
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Нашрияи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд «Ҳақиқати Суғд» аз оғози соли 2011 ҳафтае 3 маротиба нашр мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд. Нашрияи «Ҳақиқати Суғд» аз 25 марти соли 1930 ҳамчун рӯзномаи расмии давлатӣ чоп шуда, номашро борҳо дигар кардаву вале дар мақсаду мааром, асолату рисолат то ба имрӯз побарҷост. Мавриди ёдоварист, ки то ба нимаи аввали солҳои 90-уми асри гузашта рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод», «Ленинабадская правда» ва «Ленинобод ҳақиқати» ҳафтае 5 маротиба нашр мешуданд. Он вақтҳо теъдоди нашри ҳар шумораи рӯзномаи кунунии «Ҳақиқати Суғд» то ба 45 ҳазор нусха мерасид.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






