ТАРКИШ ДАР «ДӮСТӢ» АМАЛИ ТЕРРОРИСТӢ НЕСТ
Душанбе, 6 сентябр . (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова) – Таркише, ки дар маркази дилхушии «Дӯстӣ»-и пойтахт рӯй дод, амали террористӣ нест, — хабар доданд ба АМИТ «Ховар», аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ. Манбаъ, ҳамчунин, иттилоъ дод, ки 5 сентябр соати 23.45 дақиқа дар маркази дилхушии «Дӯстӣ», воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ таркиш рӯй дод, ки дар натиҷаи он 4 нафар ҷароҳати сабук гирифтанд. «Сабаби асосии таркиш амалҳои авбошонаи мизоҷони маркази дилхушӣ зимни истифодаи ашёи пиротехникӣ гаштааст»,-зикр намуд манбаъ. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷинояти кушода шуда, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






