ТАРОНАИ КОКУЛОНИ МУШКБЕЗ
Роғун,24 сентябр. (АМИТ «Ховар»,Зебо Давлатова).—Ҳафтаи равон дар шаҳри Роғун фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» доир гардид.Дар озмуни мазкур намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маърифат Соқиева,муовини раиси ҳукумати шаҳри Роғун Муҳайё Юнусова ва дигар кормандони дастгоҳи иҷроия иштирок намуданд. Мақсад аз баргузории фестивали мазкур намоиши ороишу парвариши мӯй, нишон додани ҳунари волои машшотаҳо ва ба ин васила дар доираи расму оинҳои миллӣ тарғибу ташвиқ намудани ҳунарҳои мардумӣ ва ороишоти миллӣ мебошад. Дар даври дуюми фестивал дар шаҳри Роғун тамоми он ҷузъиёте,ки дар низомномаи фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ»,аз қабили саҳнаи орододашуда,ороиши мӯй,намоиши сару либос оварда шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






