ТАСВИРИ ЗЕБОӢ АЗ НИГОҲИ НАВРАСОН

Сентябрь 20, 2010 17:06

Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 21-уми сентябри соли равон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомони ба номи Мирзораҳмат Олимов Фестивали ҷумҳуриявии «Рассомони наврас» баргузор карда мешавад. Дар фестивал рассомони наврас аз шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияҳои Рӯдакиву Варзоб ширкат меварзанд. Бояд гуфт, ки  мақсади фестивал бедор намудани ҳисси зебоипарастии наврасон, дастгирии мактаб, студия ва коллеҷҳои тасвирӣ мебошад. Зеро фарҳанги кишвар аз тарбияи насли навини ҷомеа вобастагӣ дорад ва дар ин самт баргузор кардани чунин фестивалҳо саҳми калон дорад. Дар ҳар як асари офаридаи кӯдакон олами аҷиби қудакона, орзӯҳои хаёлӣ, муҳаббат ба диёри Тоҷикистон, табиати он, олами ҳайвоноту наботот инъикос ёфтааст, ки пешкаши бинандагон мешавад.

Сентябрь 20, 2010 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!