«ТАВСЕАИ ЭНЕРЖИИ ПОК» ҲИСОБКУНАКҲО ВОРИД МЕСОЗАД
Душанбе, 21 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик ширкати эронии «Тавсеаи энержии пок» бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордоди ҳамкориро дар заминаи фурӯш ва ба корандозии 200 ҳазор дастгоҳи назорати барқии электронӣ ба имзо мерасонад.Назар ба иттилои масъули бахши иқтисод ва тиҷорати Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббос Баёнӣ ҳисобкунакҳои ҷадиди электронии барқӣ, ки сохти Эрон мебошад, дар минтақаи Хатлон насб карда мешаванд. Мавсуф афзуд, ки роҳбарияти ширкати «Тавсеаи энержии пок» дар доираи баргузории нахустин намоишгоҳи технологияи энергетикии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе қарор доранд. Ширкати мазкур ҳамзамон, саъй дорад, ки ҷиҳати ба роҳандозии системаи биллингӣ (технологияи ҷадид барои судури чиптаҳои истифодаи нерӯи барқ) дар Тоҷикистон як идда корҳоро ба анҷом расонад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






