ТОҶИКОН ТАҶРИБАИ ЭСТОНИҲОРО МЕОМӮЗОНАНД
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 24 то 31 августи соли 2010 дар пойтахти Эстония – шаҳри Таллинн оид ба татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти идоракунии мақомоти давлатии маҳаллӣ семинар баргузор гардид. Дар семинари мазкур мутахассисону коршиносони технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон ширкат варзиданд. Иштирокдорони семинар дар Ҳукумат ва Парлумони Эстония, ҳамчунин дар маъмурияти шаҳри Таллинн бо тарзи идоракунии электронӣ, баргузории ҷаласаҳои ҳукумативу парлумонӣ шинос гардида, дар Маркази рушди шабакаҳои давлатии иттилоотии «RIA» омӯзиш гузарониданд. Дар баробари ин, иштирокдорони ин семинар намунаҳои корбарии «ҳукумати электронӣ»-ро, ки дар сохторҳои шаҳрдорӣ ва маҳаллӣ фаровон истифода мешаванд, омӯхтанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар Эстония истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар сатҳи баланд қарор дорад ва ин ҷумҳурӣ аз давлатҳое маҳсуб мешавад, ки «ҳукумати электронӣ»-ро дар ҳамаи зинаҳои идоракунӣ, аз ҷумла дар сохторҳои ҳокимият ба пуррагӣ ҷорӣ кардаанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






