ҚАРЗДОРӢ АЗ МУЗДИ МЕҲНАТ ЗИЁД

Октябрь 12, 2010 10:17

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ маблағи қарздорӣ аз музди кор бо назардошти қарзи солҳои гузашта то 1- уми августи соли 2010 21 млн. 955 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба моҳи июни соли ҷорӣ 463,3 ҳазор сомонӣ ё 2,2 фоиз зиёд шудааст.    Қарздорӣ аз пардохти музди кор то 1- уми  августи соли ҷорӣ дар соҳаи истеҳсолоти неъматҳои моддӣ 124 ҳазор сомонӣ зиёд шуда, ба 20 млн. 247,1 ҳазор сомонӣ расидааст. Зиёдшавии қарздорӣ аз пардохти музди кор  қариб дар ҳамаи соҳаҳои истеҳсолоти неъматҳои моддӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар соҳаҳои нақлиёт, савдо, кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал қарздорӣ аз пардохти музди кор мутаносибан  61,5, 2,2 ва 0,4 фоиз кам шудааст.    Дар соҳаҳои истеҳсолоти ғайридавлатӣ  бошад, қарздорӣ аз музди кор ҳамагӣ 1 млн. 505 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Октябрь 12, 2010 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад