ҚОҲИР РАСУЛЗОДА: ЗИМИСТОНИ СУҒД ГАРМ МЕШАВАД, ЗЕРО ОМОДАГӢ ХУБ АСТ
Хуҷанд, 22 октябр. (АМИТ "Ховар", Санавбар Мақсудова).- Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони шаҳру навоҳии вилояти Суғд мавқеи мақомоти давлатии ҳокимияти вилоятро мустаҳкам намуд ва он имкон медиҳад, ки камбудиҳои мавҷуда дар ҷойҳояшон ҳалли пурраи худро ёбанд,-гуфт раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон. Хабарнигорон ба бисёр масъалаҳои марбут ба ҳаёти вилоят мароқ зоҳир намуданд, аз ҷумла ба натиҷаи қабули шаҳрвандон дар ҷойҳо, оид ба сари вақт нарасидани рӯзномаю маҷаллаҳо ба обуначиён, дар мавриди таъмини сокинони вилоят бо нерӯи барқ дар давраи тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ, дар мавриди фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта вобаста ба баланд шудани нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ, пиромуни вазъияти нохуби васоити ахбори оммаи мустақил дар шароити имрӯза ва дигар масъалаҳо. Вобаста ба фаъолияти намояндагии Департаменти давлатии «Почтаи Тоҷикистон» дар вилояти Суғд Қоҳир Расулзода изҳор намуд ки ба наздикӣ роҳбарияти онро иваз намуданд ва ба муштариён расонидани ҳафтаномаю маҷаллаҳо бояд дар оянда беҳтар гардад. . «Бояд иқрор шуд, ки кори идеологии мо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва мо бояд инро дар муддати кӯтоҳ ислоҳ намоем. Онҳое, ки аз сифати ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ норозианд, метавонанд ба ман тариқи почтаи электронӣ муроҷиат намоянд», гуфт Қоҳир Расулзода дар ҷавоб ба саволи рӯзноманигорон. Барои рушди соҳаи энергетика Ҳукумати кишвар барномаи махсус қабул намудааст. Дар чаҳорчӯби ин барнома дар шимоли кишвар на танҳо иншооти калони энергетикӣ, ба монанди хати баландшиддати барқӣ ва зеристгоҳҳои нав, балки нерӯгоҳҳои хурди обию барқӣ низ сохта мешаванд. Соли 2009 дар вилояти Суғд 9 нерӯгоҳи хурди барқӣ сохта шудааст. Дар соли 2010 ба истифода додани 8 нерӯгоҳи хурд, ки ҳамаи онҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҷойгиранд, дар назар дошта шудааст. Ба андешаи раиси вилоят боло рафтани нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ набояд ба ширкатҳои коркарди пахта таъсири худро расонад. Зеро ин ширкатҳо бо хоҷагиҳо ҳанӯз дар аввали сол шартномаи тарафайн ба имзо расонидаанд ва бандҳои он аз ҷониби ҳар ду тараф бояд пурра иҷро гарданд. «Кохи матбуот"-ро мо ҳам барои матбуоти давлатӣ ва ҳам барои матбуоти ғайридавлатӣ бунёд намудаем. Дар ин маврид нашриёт ва рӯзноманигорон бояд ҳамдигарфаҳмӣ намоянд.Зеро ҳамаи онҳо як вазифа доранд- нишон додани ҳаёти мардум ва норасоиҳои он»,- гуфт дар ҷавоби суоли рӯзноманигорон раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






