ҲАНӮЗ ҲАМ МУСОФИР ХУШ ҚАБУЛ НАМЕШАВАД

Октябрь 14, 2010 10:18

Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова). — Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ҷаласаи ҷамъбасти нӯҳмоҳаи фаъолияти корхона баргузор гардид. Зимни он муовини директори генералии фурудгоҳ Азиз Иброҳимов зикр кард, ки оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар нақлиёти ҳавоӣ, инчунин, вусъат додани доираи хизматрасониҳо бобати  кашонидани борҳои башардӯстона ва дигар борҳо бо назардошти проблемаҳои объективӣ ва субъективӣ  чораҳои зарурӣ дида шуд. Миқдори умумии маблағгузории фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба буҷети давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон дар  моҳҳои январ – сентябри  соли  2010 – ум  33,7  млн. сомониро ташкил  дод. Дар баробари муваффақиятҳо дар фаъолияти фурудгоҳ ҳанӯз паҳлӯҳои норӯшани корҳо ба назар мерасанд ва зарур аст, ки сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба мусофирон дар фурудгоҳ таҷдиди назар шавад. Робия Завқиева-муовини сардори шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди фаъолияти нӯҳмоҳаи фурудгоҳ гуфт, ки дар ҷодаи хизматрасонӣ ба мусофирон ҳанӯз корҳои заруриро мебояд анҷом дод, ҳанӯз ҳам аз ҷониби кормандони сохторҳои қудратии дар фурудгоҳ амалкунанда нисбат ба мусофирон дағалӣ ва беҳурматӣ мушоҳида мешавад. Вақти он расидааст, ки мусофир дар фурудгоҳ хуш қабул ва гусел   шавад, -таъкид шуд дар ҷаласа.  Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод.

Октябрь 14, 2010 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад