ҲАВАСМАНДӢ АЗ БОЛО РАФТАНИ НАРХ

Октябрь 16, 2010 12:03

            Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти расмии Раёсати  растанипарварии  Вазорати кишоварзӣ, ҷамъоварии пахта дар ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ бо ҷаҳду талоши зиёд идома дорад.  Ноҳияҳои пахтакор  ҳар рӯз ба андозаи 2- 2,5 фоизи нақша  пахта ҷамъоварӣ менамоянд.             То имрӯз дар ҷумҳурӣ 4 ноҳия: Панҷ ва Шаҳритус дар вилояти Хатлон, ноҳияи Айнӣ дар вилояти Суғд ва ноҳияи Ҳисор миёни ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи ҷамъоварии  пахтаро беш аз 100 фоиз иҷро намуда, илова ба нақша даҳҳо тонна пахта чида супориданд.             Ба иттилои ҳамин манбаъ, ба хирмани «Хосил — 2010» беш аз 248 ҳазор тонна пахтаи аълосифат ҷамъ оварда шудааст, ки   ба 83 фоизи нақшаи солонаи ҷамъоварии он  баробар аст.             Рӯзҳои наздик боз 4 ноҳия дар вилояти Хатлон ва 1 ноҳия дар вилояти Суғд аз иҷрои нақша мужда хоҳанд дод. Ин рӯзҳо  ноҳияҳои Бохтар ва Данғара ба андозаи 2 – 2,3 фоиз, Ҳамадонию Вахш ба андозаи 1,4, — 1,9 фоиз пахта ҷамъоварӣ менамоянд ва то рафт ба марра наздик мешаванд.             То имрӯз дар вилояти Хатлон аз 194 ҳазор тонна пахтаи дар нақша пншбинишуда,  беш аз 170 ҳазор тонна, дар вилояти Суғд аз 92 ҳазор тоннаи  нақшавӣ 65 ҳазор тонна ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 14 ҳазор тонна беш аз 11 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст.             Боиси  тазаккур аст, ки соли равон бо сабаби боло бардоштани нархи чиниши пахта ҳавасмандии мардум дар ҷамъоварии он бештар гардид. Айни замон дар майдонҳои пахтазори ҷумҳурӣ беш аз 165 ҳазор чинакчиён ба  ҷамъоварии пахта сафарбар гардидаанд.            

Октябрь 16, 2010 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад