БАРНО — БЕҲТАРИН РАССОМ
Файзобод,1 октябр.(АМИТ,«Ховар», Зебо Давлатова).—Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири маорифи ноҳияи Файзобод Маҳмадулло Аминов иттилоъ дод, соли равон дар ноҳияи Файзобод озмуни беҳтарин рассомони ҷавон дар мавзўи «Об манбаи ҳаёт» гузаронида шуд. Дар озмуни мазкур толибаи синфи 3 мактаби рақами 37 ноҳия бо расмҳои дар мавзўи об кашидаи худ ғолиби озмун гардид. Беҳтарин расми кашидаи Барно Ҳакимова дар мавзўи «Об манбаи ҳаёт» мақбули таваҷҷӯҳи яке аз тамошобинони хориҷӣ гардид ва ӯ расми кашидаи толибаи синфи 3- ро ба маблағи 450 доллари амрикоӣ харид. Мудири маориф афзуд, ки чунин хонандагони соҳибистеъдод дар мактабҳои ноҳия зиёданд ва онҳо дар чандин озмуну олимпиадаҳо иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардидаанд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






