ДУ КИШВАРИ ҲАМҶАВОР ФОРУМИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАШКИЛ МЕКУНАНД
Душанбе, 11 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин дар мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжун дар Душанбе баррасӣ гардиданд. М. Убайдуллоев зикр кард, ки бо фаъолияти дипломатии Фан Сянжун дар Тоҷикистон, сатҳи ҳамкориҳои дӯстонаву гуногунҷабҳаи ҳар ду кишвар тавсеа хоҳанд ёфт. Зикр шуд, ки кӯмакҳои техникӣ ва интиқолу азхудкунии инвеститсияҳои Чин дар соҳаҳои нақлиёт, телекоммуникатсия, сохтмони роҳу туннелҳо, хатҳои баландшиддати барқӣ шаҳодати муносиботи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкориҳои ҳар ду кишвар аст. Барои тақвияти ҳамкориҳо парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таъмини фазои ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузорӣ тадбирҳои мушаххасро анҷом додаст. Ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо М. Убайдуллоев зикр намуд, ки густариши муносибатҳо бо татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, кишоварзию гуманитарӣ мувофиқи мақсад аст. Инчунин, ташкили бозомӯзии кадрҳо ва квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Чин ба манфиати ҷонибҳост. Ҷиҳати ноил шудан ба сатҳи баланди ҳамкориҳо таҷрибаи Маҷлиси миллӣ дар шакли таъсиси форуми доимоамалкунандаи байнипарлумонии Тоҷикистону Чин, ки ба рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ мусоидат менамояд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд. Фан Сянжун зикр сохт, ки кишвараш барои тавсеаи ҳар чӣ бештари ҳамкориҳои судманд манфиатдор аст. Барои такмили он дар асоси эҳтироми арзишҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ нақши парлумонҳоро муассир арзёбӣ кард. Мавсуф афзуд, ки зимни фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон баҳри тавсеаи ҳамкориҳо аз имконияти мавҷуда истифода хоҳад бурд, то равобити гуногунсоҳаи ҳар ду кишвар густариш ёбанд.