ДУ КИШВАРИ ҲАМҶАВОР ФОРУМИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАШКИЛ МЕКУНАНД

Октябрь 11, 2010 08:53

     Душанбе, 11 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин дар мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжун дар Душанбе баррасӣ гардиданд.          М. Убайдуллоев зикр кард, ки бо фаъолияти дипломатии Фан  Сянжун дар Тоҷикистон, сатҳи ҳамкориҳои дӯстонаву гуногунҷабҳаи ҳар ду кишвар тавсеа хоҳанд ёфт.          Зикр шуд, ки кӯмакҳои техникӣ ва интиқолу азхудкунии инвеститсияҳои Чин дар соҳаҳои нақлиёт, телекоммуникатсия, сохтмони роҳу туннелҳо, хатҳои баландшиддати барқӣ шаҳодати муносиботи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкориҳои ҳар ду кишвар аст. Барои тақвияти ҳамкориҳо парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати  таъмини фазои ҳуқуқӣ  ва такмили қонунгузорӣ тадбирҳои мушаххасро анҷом додаст.      Ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо М. Убайдуллоев зикр намуд, ки  густариши муносибатҳо бо татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, кишоварзию гуманитарӣ мувофиқи мақсад аст. Инчунин, ташкили бозомӯзии кадрҳо ва квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Чин ба манфиати ҷонибҳост. Ҷиҳати ноил шудан ба сатҳи баланди ҳамкориҳо таҷрибаи  Маҷлиси миллӣ дар шакли таъсиси форуми доимоамалкунандаи байнипарлумонии Тоҷикистону Чин, ки ба рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ мусоидат менамояд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд.           Фан Сянжун зикр сохт, ки кишвараш барои тавсеаи ҳар чӣ бештари ҳамкориҳои судманд манфиатдор аст. Барои такмили  он дар асоси эҳтироми арзишҳои ҳусни  ҳамҷаворӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ нақши парлумонҳоро муассир арзёбӣ кард. Мавсуф афзуд, ки зимни фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон баҳри тавсеаи ҳамкориҳо аз имконияти мавҷуда истифода хоҳад бурд, то равобити гуногунсоҳаи ҳар ду кишвар густариш ёбанд.

Октябрь 11, 2010 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст