ИФТИТОҲИ ЛИТСЕЙИ БАЧАГОНИ БОЛАЁҚАТ

Октябрь 20, 2010 13:46

Душанбе 20 октябр (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Дар назди Донишгоҳи милии Тоҷикистон бори аввал дар соли хониши нав лисейи равияи табиӣ-математикӣ барои бачагони болаёқати синфҳои 7 — 11 таъсис ёфт. Дар литсейи мазкур ба омӯхтани фанҳои дақиқ, аз ҷумла биология, кимиё, физика ва математика таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мегардад. Машғулиятҳо дар бинои собиқ факултаи биологияи ДМТ, ки пеш аз кушодашавии литсей пурра таъмир гардида, бо таҷҳизоти мактабӣ ҷиҳозонида шудаанд, мегузаранд. Дар литсей, ҳамчунин, чор синфи компютерӣ, ки бо шабакаи Интернет пайвастанд, се озмоишгоҳ барои дарсҳои физика, кимиё ва биология, ки бо таҷҳизоти муосир таъминанд, мавҷуд мебошанд. Қабули хонандагон ба литсей ба тариқи озмун ва санҷиши тестӣ сурат гирифт. Дар ҳар синф 16 нафарӣ хонандагон таҳсил менамоянд. Ғайр аз ин дар назди факултаи молия ва иқтисодии донишгоҳ имсол ихтисосҳои нав, аз ҷумла, тарҷумони забони хитоӣ-тоҷикӣ ва тоҷикӣ-хитоӣ, доир ба саёҳати иқтисодӣ, суғурта ва идораи сармоягузориҳои хориҷӣ кушода шуданд. Ректори ДМТ Нуриддин Саидов зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки бисёр факултаҳо, ки дар бинои собиқ факултаи физика ҷойгир буданд, ба биноҳои нави шаҳраки донишҷӯён гузаронида шуданд. Барои гузаронидани дарсҳои амалӣ дар назди ҳар кафедра зиёда аз 50 озмоишгоҳ ташкил шудааст. Барои таъмини озмоишгоҳи сохташавандаи биотехнологии Донишгоҳ бо таҷҳизоти муосир ба маблағи 1,5 млн. сомонӣ озмун эълон шудааст.   

Октябрь 20, 2010 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад