ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ҲНИТ ДАР ИНТИХОБОТИ КИШВАРИ ҲАМСОЯ

Октябрь 1, 2010 13:25

Душанбе, 1 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Маҳмудов ҳамчун нозир дар ҷараёни баргузории интихоботи парлумонӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов иттилоъ дод.       Мавсуф афзуд, ки ҳамзамон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Асомиддин Саидов, ҷараёни баргузории ин маъракаи муҳими сиёсиро дар кишвари ҳамсоя мушоҳида менамояд. Намояндагони Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии Қирғизистон дар ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  /ИДМ/ ширкат меварзанд.       Санаи интихоботи парлумонии Қирғизистон 10 октябр муайян шудааст. Парлумони Қирғизистон-  Жогорку Кенеш аз як  палата иборат буда, дар он 120 вакил тариқи раъйдиҳӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешаванд.

Октябрь 1, 2010 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад