КӮМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Барои гузаронидани таҷрибаи механизми кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон интихоб шуданд. Мӯҳлати амалишавии ин таҷриба аз 1 –уми январи соли 2011 то 31 –уми декабри соли 2012 пешбинӣ шудааст,- иброз доштанд дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Боис ба ёдоварист, ки бо мақсади дар амал тадбиқ намудани Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар самти ислоҳоти тартиби кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ барои табақаҳои ниёзманди аҳолӣ бар ивази усули вуҷуддоштаи кӯмакпулиҳо ва ҷубронпулиҳо, ки дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1 –уми августи соли 2008 «Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» ва Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2 –юми майи соли 2007 «Дар бораи кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҶТ таҳсил менамоянд» Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон оид ба ин масъала корҳои назаррасро дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо идома медиҳад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






