КИТОБИ ДЕРИНТИЗОРИ ХОНАНДАГОН ЧОП ШУД
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Китоби устод Садриддин Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» тариқи нашриёти «Адиб» бо теъдоди 1000 нусха бори аввал бо хатти кириллӣ нашр гардид. Дар баргардониш аз хатти форсӣ, дар таҳия ва тасҳеҳ саҳми олими варзида Мубашшири Акбарзод калон аст. «Намунаи адабиёти тоҷик» асарест, ки бо нашри он устод Айнӣ адабиёти тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намуд. Ин асар дар таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши намоёне дошт. Ва имрӯз ҳам аҳамияти таърихии худро ҳифз кардааст. Китоби мазкур дар соли 1926 чун шиносномаи миллати тоҷик бар даҳони душманони миллат зарбаи сахт зада, дар худшиносии миллии тоҷикон нақши муассир гузошт. Китоби мазкур дар бораи ҳаёт ва фаъолияти зиёда аз 228 нафар шоиру нависандагон маълумоти зарурӣ додаст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






