МОТОТСИКЛРОНҲОИ ТОҶИК БА ЭРОН МЕРАВАНД

Октябрь 5, 2010 11:08

Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Нахустин бор варзишгарони мототсиклрони тоҷик дар чемпионати Осиё оид ба варзиши мототсиклронӣ, ки аз 6 то 9 октяри соли равон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Мусобиқаи пойгаи мототсиклронии мазкурро Федератсияи байналхалқии варзиши мототсиклронӣ ва Федератсияи миллии автомотоварзиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар якҷоягӣ доир хоҳанд намуд. Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон Олим Раҷабов ва Дилшод Раҷабов шомил буда, ҳар ду варзишгарони Клуби ҷумҳуриявии варзиши техникии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ мебошанд. Онҳо дар чандин мусобиқаҳои пойгаи мототсиклронии ҷумҳуриявӣ мақоми аввалро ишғол намуда, ба дастовардҳои баланди варзишӣ ноил гардиданд. Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ ба рушди варзиши мототсиклронӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, барои варзишгарони ин риштаи варзиш шароити лозимаро фароҳам меорад. Айни ҳол се адад мототсикли ҷопонии «Судзуки» харида шуда, дар шаҳрҳои Қурғонтеппа, Кӯлоб, Турсунзода, Душанбе, Ваҳдат, ноҳияҳои Ёвон, Ҳисор, Рӯдакӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ рушди ин навъи варзиш дар заминаи зерсохторҳои Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ ба роҳ монда шудааст.

Октябрь 5, 2010 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!