МУАЛЛИФИ КИТОБИ «ЗАБОНИ РУСӢ» ДАР ТОҶИКИСТОН

Октябрь 16, 2010 09:00

Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). –Чанде пеш дар Маркази русии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Муҳокимаи китоби «Русский язык» (Забони русӣ) барои синфҳои 10-11-и мактабҳои русии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори он як нафар муаллифи китоб, номзади  илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи педагогии Санкт-Петербург Алексей Дунев, таҳиягарони китоб дар Тоҷикистон, профессор Меҳринисо Нағзибекова, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Любов Дудко, муаллимаи гимназияи № 74 Руниза Рамазонова, ҳамчунин, омӯзгорони мактабҳои русӣ, ки дар ин мактабҳо китоби мазкур мавриди санҷиш  қарор гирифтааст, иштирок намуданд. Зикр гардид, ки натиҷаҳои санҷишии бадастомада, ки аз ҷониби омӯзгорони ботаҷриба ва эчодкори мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ҷумҳурӣ амалӣ гардид, беҳтарин натиҷаҳоро тасдиқ намуданд. Дар баробари омӯзгорон, толибилмон ва волидайни онҳо низ аз сифати баланди китоби нав изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфтанд, ки китоб дорои матнҳои гуногуншакл ва баландмазмун буда, шавқи хонандагонро ба омӯхтани забони русӣ бедор менамояд. «Масъалаи таҳия ва таъмини мактабҳо бо китобҳои забон ва адабиёти рус на танҳо барои мактабҳои тоҷикӣ, балки барои мактабҳое, ки забони  омӯзишиашон русӣ мебошад, яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад».             Дар робита ба ин китобҳои нави забон ва адабиёти русе, ки аз ҷониби мутахассисони Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург бо дастгирии Бунёди байналмилалии ҳамкориҳои башардӯстонаи давлатҳои узви ИДМ таҳия шудаанд, ба раванди таълими фанни забон ва адабиёти рус дар мактабҳои русзабони ҷумҳурӣ таъсири мусбат бахшида, сатҳи донишомӯзии толибилмонро баланд мебардорад», — таъкид намуд ба мухбири АМИТ «Ховар» декани факултаи забон ва адабиёти руси ДМТ, профессор М. Нағзибекова

Октябрь 16, 2010 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад