НАХУСТИН ГУРӮҲИ ЗОЙИРИНИ ТОҶИК БА АРАБИСТОН МЕРАВАНД
Душанбе, 14 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Соли равон беш аз 5 ҳазор зойирини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёрати хонаи Худо рафта, маросими ҳаҷҷи акбарро ба ҷо меоранд, ки 566 нафарашонро сокинони Душанбе ташкил медиҳанд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ҳаҷҷи Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдуғаффор Юсуфов иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки сафари гурӯҳи нахустини шаҳрвандони Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ 24 октябр оғоз гардида, то 2 ноябр идома меёбад. Дар соли равон хароҷоти маросими ҳаҷ 3 ҳазору 191 $ амрикоиро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба соли гузашта 151 $ арзон мебошад. Ба он дохил мешавад чиптаи ҳавопаймо (1400 $), истиқомат ба муддати 30 рӯз дар меҳмонхона (1035 $), пардохти боҷи шоҳӣ (275 $), хӯрокӣ (180 $), хизмати роҳбаладон (102 $), хизмати корҳои Кумитаи дин (92 $), маросими қурбонӣ (85 $). Синни шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки маросими ҳаҷро адо мекунанд, аз 18 то 80 сола аст. Ба ҳар як гурӯҳ, ки аз 45 нафар зоирин иборат аст, 1 нафар роҳбалад рост меояд. Роҳбаладони зойирин намояндагони дину уламо буда, донандаи хуби амокини муқаддас ва забони арабӣ мебошанд. А. Юсуфов афзуд, ки дар маросими ҳаҷҷи имсола шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ, ба мисли «Тоҷик-Эйр» ва «Сомон-Эйр» аз фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва шаҳри Хуҷанд тавассути хатсайрҳои Душанбе-Ҷидда ва Ҳуҷанд- Ҷидда озими Арабистони Саудӣ мегарданд. Бозгашти зойирини тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон аз 22 ноябр шурӯъ гардида, 7 декабр анҷом меёбад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






