РУШДИ МАОРИФ ДАР БАДАХШОН
Бадахшон, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Соли ҷорӣ, ки соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудааст, маорифчиёни ВМКБ ба пешрафт зиёд ноил гардиданд. Ба гуфти сардори раёсати маорифи вилоят Ғарибшо Ғарибшоев соли ҷорӣ аз фонди Президенти ҷумҳурӣ 500 адад компютер ва 90 адад принтер ба макотиби вилоят ворид гардид. 172 довталабон ба макотиби олии кишвар аз рӯи ихтисосҳои фанҳои дақиқ дохил шуданд. Беҳтарин омӯзгорони фанни физика ва риёзӣ барои таҷрибаомӯзӣ ба Ҷумҳурии Лаҳистон фиристонида шуданд. Айни замон ҳафт нафар омӯзгорони макотиби вилоят бо кормандони донишкадаи такмили ихтисос дар таҳияи китобҳои дарсӣ кор мекунанд. Дар назди раёсати маорифи вилоят Академияи хурди толибилмон таъсис шуда, дар он беҳтарин хонандагон таҳсил доранд. Соли ҷорӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ толибилмони Академия ширкат варзида, соҳиби се медали биринҷӣ гардиданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






