РУШДИ МОҲИПАРВАРӢ ДАР БАДАХШОН

Октябрь 13, 2010 15:27

Бадахшон, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Ба хотири амалӣ  намудани  «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ барои солҳои 2009-2015» дар ҳудуди ВМКБ дар вилоят  Ассотсиатсияи хоҷагиҳои моҳипарвар  таъсис дода шуд. Тавре раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон»-и назди Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Аҳмадҷон Ғафуров иттилоъ дод, таъсиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои моҳипарвар дар ВМКБ имкон медиҳад, ки  масоили барномаи амнияти озуқаворӣ, ба кор ҷалб намудани бекорон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии  сокинони вилоят ва зиёд намудани миқдори моҳӣ дар навоҳии вилоят дар муддати кӯтоҳ ҳалли худро ёбад. Барои парвариши моҳӣ дар ВМКБ,- афзуд Аҳмадҷон  Ғафуров,- шароити хуб муҳайёст, зеро дар ин ҷо 7 кӯли калони табиӣ ва 8 рӯдхонаи азиму теъдоди зиёди  рӯдхонаҳои кӯчак мавҷуд аст. Танҳо ғамхорӣ ва масъулиятшиносии роҳбарон зарур аст то ин масъала ҳалли  пурраи худро ёбад.    

Октябрь 13, 2010 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!